Таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ фаъолияти эҷодӣ мебошанд ва мақсади онҳо афзун гардонидани ҳаҷми донишҳо оид ба инсон, табиат, ҷамъият, ҷустуҷӯйи роҳҳои татбиқи онҳо мебошад.
- rceeca.tj
Мубориза бо офатҳои табиии марбут ба обро одамон ҳанўз аз замонҳои қадим медонистанд. Дар Мисри Қадим ва Месопотамия қисми зиёди обро аз марказҳои асосӣ ба пастхамиҳо равона мекарданд, ки минбаъд обанборҳо пайдо мешуданд. Нахустин дарғот панҷ ҳазор сол пеш дар Сурия, дар дарёи Оронт сохта шуда буд. Ҳамин тавр, дамбаҳо ба вуҷуд омаданд, ки ба воситаи онҳо майдонҳои кишту боғу роғ аз обхезӣ эмин ёфтанд. Таҷрибаи хуби мубориза бо обхезӣ асосан аз Шарқ оғоз ёфта, он аз Мисру Чин ба Аврупо гузашт.
- rceeca.tj
Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва рушдкунанда мебошад. Фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад. Он таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ин самт ва хизматрасониҳои илмию техникиро фаро мегирад.
- rceeca.tj
Помир аз ганҷинаҳои зеризаминӣ басо бой мебошад. Ин ҷо сарватҳои металлӣ, ғайриметаллӣ, сангҳои ороишию рӯйбаст, масолеҳи сохтмон ва ғайра вобаста ба сохт ва таърихи тараққиёти геологию палеогеографӣ дар музофоту ноҳияҳои табиию географӣ ба андозаи гуногун паҳн шудаанд.
Дар Помир аз сарватҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ ду кони ангиштсанг - Куртек ва Равнов кашф карда шудааст. Кони Куртек 38 км дар самти ҷанубу шарқии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудааст.
- rceeca.tj