- rceeca.tj
Дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ба инфрасохтор ва ҳаёти одамон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Шиддатнокии ин офатҳои табиӣ дар солҳои охир афзоиш ёфта, мониторинг ва стратегияҳои самараноки идоракуниро тақозо мекунанд. Айни замон ҳавопаймоҳои бесарнишин барои харитасозӣ ва таҳқиқи офатҳои табиӣ ба як асбоби зарурӣ табдил ёфтаанд.
- rceeca.tj
Аз суханрониҳо ва Паёмҳои дар солҳои охир ироашудаи Сарвари Давлат бармеояд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармшавии ҳарорати сайёра ва паёмадҳои манфии он ва соири офатҳои табиии солҳои охирро аз мушкилоти дараҷаи аввал эълон намуданд ва онҳоро муассиртарин омилҳо дар бад шудани вазъи муҳити зисти инсоният муаррифӣ намуда, изҳори нигаронӣ аз вазниншавии таъминот бо маводди ғизоӣ ва махсусан, оби босифати нӯшокӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон менамоянд. Алалхусус, дар Паёми охир ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки “аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ намудани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам намудани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем”.
- rceeca.tj
Дар замони муосир тамаддуни башарӣ ба масъалаҳои глобалии экологӣ дучор гардидаанд, ки экологиякунонии низоми маориф дар ҳаама сатҳҳо бояд ба ташаккули донишу таҷриба барои расидан ба рушди устувор зарур, мусоидат намояд. Дар мақола ҳолат ва чораҳо оид ба пешбурди маърифати экологӣ барои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд.
- rceeca.tj
Дар мақола таҳлил ва баррасии хусусиятҳои мониторинги оперативӣ ва харитасозӣ дар системаи умумии идоракунии хатари офатҳои табиӣ бо истифода аз усулҳои зондкунии фосилавии Замин (ЗФЗ) оварда шудааст. Дар шароити дастнорасии манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон истифодаи ЗФЗ хусусияти мубрамият ва серталабро дар бар мегирад.