
- rceeca.tj
Агар Конфронси якуми СММ оид ба об 50 сол қабл дар оғози ба вуҷуд омадани тағйирёбии иқлим баргузор гардида бошад, пас Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шароит ва вазъияте доир шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиатро зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дода истодааст. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест. Чунин иброз намудааст муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашуров дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

- rceeca.tj
Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.