- rceeca.tj
Дар мақола имкони пайдоиши навсозии экологии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа дар ҳудуди як камарбанд - як роҳ баррасӣ шудааст.
Таҷрибаи рушди соҳибкории экологӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳлил карда шуда, зарурияти таҳияи доктринаи экологии соҳибкорӣ дар доираи ҳамгироии “як камарбанд - як роҳ” асоснок карда шудааст.
- rceeca.tj
Дар мақола хусусиятҳои ҷуғрофии реҷаи маҷрои ҳавзаи дарёи Варзоб, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии ҳавза, инчунин захираҳои рекреатсионии он омӯхта шудааст. Дар асоси таҳқиқоти таҷрибавӣ (мушоҳида, муқоиса, ченкунӣ) ва таҳқиқоти назариявӣ мо рӯйхати чорабиниҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои обу экологии қаламрави ҳавза таҳия намудем.
- rceeca.tj
Имрӯз бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд. АМИТ «Ховар» бахшида ба ин рӯз мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро пешкаши хонандагон мегардонад.
- rceeca.tj
Дар сайёраи Замин раванди тағйирёбии иқлим ба назар мерасад, ки оғози бо суръат авҷ гирифтани он аз солҳои 1960-1970-и асри ХХ ба мушоҳида мерасад. Зеро аз худкунии технология, истифодабарии заминҳои ҷангалпӯшу аз байнравии бештари минтақаҳои он, бунёди роҳҳо, макони зист, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ, ташкили садҳо навъи объектҳои хизматрасонӣ, яъне шаҳршавии ҷангалзор, марғзор, бешазор сабаб гардида метавонанд. Дар мисоли асосӣ биомассаи сабзи захираҳои ҷангали ҷаҳонро метавон овард, ки он аз рӯйи меъёри экологӣ 29 маротиба кам гардидааст. Чунин нигоштааст дар мақолаи худ муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷони Сайдулло, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.