Дар байни муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби тозаи ошомиданӣ дониста мешавад, ба мушкилоти муҳимми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ин ва дигар масъалаҳо, хосса зуҳуроти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Мояи ифтихор аст, ки дар натиҷаи талошҳои зиёди Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми тоза пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд ва аксари ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона дастгирӣ ёфтанд. Чунин иброз доштааст Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 22-24 марти соли 2023 дар ИМА баргузор гардид.
— Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳимми экологии ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки татбиқи воқеии худро пайдо мекунад. Дар тарҳрезии сиёсати хориҷии мамлакати соҳибистиқлоли мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳимму назаррас гузоштаанд, ки самари ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва фарҳанги ҳалли масъалаҳои глобалӣ бузург ва саривақтӣ маҳсуб мешавад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст, ки «… тавре ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳар чи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».
Мувофиқи нишондиҳандаҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши батадриҷи аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гардад.
Дар асоси маълумоти мавҷуда, ҳоло беш аз 3 миллиард сокини сайёра аз норосоии оби тоза танқисӣ мекашад ва пешгӯйӣ мешавад, ки ин теъдод то соли 2025 ба 4 миллиард хоҳад расид.
Ҳамчунин мутахассисон муайян кардаанд, ки дар ҳолати обшавии тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯйи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд.
Мубрамияти масъалаҳои мазкур дар он низ зоҳир мегардад, ки мушкилоти мавҷуда дар масъалаи тақсимоти захираҳои об дар байни давлатҳои олам, ки ҳавзаҳои ягонаи обӣ доранд, таҳдид ба сар задани муноқиша ва тазодҳои манфӣ дорад. Дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 рӯди фаромарзӣ ва байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки беш аз 170 мамлакати гуногуни дунё аз онҳо истифода мекунад ва ин раванд ҳалли мусолиҳатомез ва дурнамосозро тақозо менамояд.
Яке аз равандҳои муҳим ва меҳваронаи иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ- ин густурда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Яке аз омилҳои муҳимми ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро баҳамоии намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.
Дар пасманзари муҳиммияти мушкилоти матраҳшавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) таъкид намуданд, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли 2022 дар ҷаҳон, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит сохт, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои СММ ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳанд кард.
Аҳаммияти масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар он низ зоҳир мегардад, ки аҳолии сайёраи Замин ба маротиб дар ҳоли афзоиш қарор дорад ва ин раванд мушкилоту масъалаҳои гидроэкологии ҷаҳонро боз ҳам душвор ва печидатар мегардонад.
Аз ин нигоҳ, зарурати воқеии ҳамкории мутақобилаи давлатҳо, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар корҳои ташкилӣ, молиявию сармоягузорӣ, технологию мушоҳидавӣ, илмӣ ва пешгириву бартарафсозӣ бояд қатъиян амалӣ гардонида шавад. Ин омил метавонад сабаб гардад, ки вазъи кунунии манбаъҳои обӣ дар минтақа рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, барои нигоҳдории босамари онҳо имконияти нав ба нав пайдо шаванд.
Ҳадафҳои давлати мо ин суботи экологии сайёра буда, бештар вижагиҳои прогрессивиро дорост. Яъне тадбирҳо ва чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист амалӣ гардонида мешаванд, доираи ояндаи миёнамуҳлат ва дурнамои соҳаи мазкурро фарогир мебошанд.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 — раванди созанда ва ҳадафи бунёдкорона дар роҳи ҳифзи манбаъҳои обии сайёра
Таҳлилҳо муайян месозанд, ки ташаббусҳо ва пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун масъалаҳои меҳварӣ ва калидӣ дар рӯзномаи умумиҷаҳонии СММ қарор дошта, тамоми кишварҳо, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва дар иҷрои онҳо кӯшишу талош менамоянд.
Дар ин замина метавон инъикоси ташаббусҳои созанда ва бевоситаи Пешвои миллатро дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида намоем:
– пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;
– пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард;
– ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ бинобар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро таҷлил намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.
Маҳз дар асоси иқдомҳои Тоҷикистон СММ оид ба рафъи мушкилоти об қатъномаҳои зиёд қабул намуд, ки нишони эътирофу эҳтироми баланд ва далели мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба ин далелҳо метавон илова кард, ки ташаббусҳои Роҳбари давлат дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид гардида, дар таърихи рушди инсоният ва зуҳуроти инсонгароӣ саҳифаҳои тоза боз намудаанд.
Дар ин масир Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умдаи ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.
Бахусус силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хосса муаррифӣ кард. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.
Масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси Президенти маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.
Дар айни ҳол панҷумин ибтикори ҷаҳонии давлати мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ мешавад ва дар иҷрои он ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти созандаеро баҳри ояндаи босуботи инсоният бар уҳда гирифтааст.
Воқеан, қабули ин қатънома дар арсаи ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Яке аз роҳҳои муҳим ва арзишманду таърихӣ дар раванди амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо фарогирии доираи фарохи кишварҳои ҷаҳон ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои муҳимми умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, яъне 22 марти соли 2023 баргузор гардидани Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 яке аз заминаҳои муҳим дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлати мо ва муҳимтар аз ҳама, мудирият дар пешбурд ва таҳқиқи натиҷаҳои он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад.
Ҷойгоҳи муҳимму бунёдии конфронс дар он зоҳир мешавад, ки ҳамоиши мазкур таърихӣ ба шумор меравад, чунки он баъд аз Конфронси якуми СММ оид ба масъалаҳои об дар соли 1977 дар Аргентина бори дувум баргузор мегардид.
Пешвои миллат дар ҳошияи конфронси мазкур таъкид доштанд, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад. Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор мегузоранд.
Ҳамзамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, мушкилоти марбут ба об, тағйирёбии иқлим, таъсири офатҳои табиӣ ба иқтисодиёту амнияти кишварҳо, иқдомҳои Тоҷикистон дар самти рушди «иқтисоди сабз» ва тавлиди «энергияи сабз» нуктаҳои муҳим иброз дошта, таъкид ба амал оварданд, ки имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат беасар намемонад.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирии ҳамешагӣ ва мудовимати ташаббусҳои созандаи ҷониби Тоҷикистонро иброз намуда, ба нуктаи меҳварӣ ишора карданд, ки «мо ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла зимни татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон гардид, идома хоҳем бахшид. Дар ин замина, соли 2025 Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баргузор менамояд».
Ҳамзамон андешаҳои пурарзишу нуктасанҷонаи Сарвари давлат ба татбиқи таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат дар самти масъалаҳои вобаста ба об ба он равона гардид, ки Стратегияи миллии Тоҷикистон дар соҳаи об ва Барномаи миллии ҳадафноки бунёдӣ ва афзалиятнок таҳия ва амалӣ карда мешаванд.
Гузашта аз ин, дар ҷараёни конфронс якчанд пешниҳоди Пешвои миллат давоми мантиқии ташаббусҳои байналмилалии давлати мо доир ба масъалаҳои об ба шумор рафта, дар татбиқи воқеии онҳо мусоидати амиқу актуалӣ мекунанд. Аз ҷумла, Роҳбари давлат пешниҳод намуданд:
– «бо мақсади назорати пайвастаи раванди амалӣ гардонидани уҳдадориҳои гирифташуда пешниҳод менамоям, ки Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об дар ҷамъбасти Даҳсолаи байналмилалии амали об соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор карда шавад;
– ҷиҳати иҷрои амалу уҳдадориҳо дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, бахусус татбиқи «Рӯзномаи амали об» Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шавад».
Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар: раванди бунёдӣ ва заминавӣ дар ҳошияи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
Воқеан, ҳамбастагии обу Наврӯз дар ҳаёти инсоният муҳиммияту волоият касб намудааст. Ин ду манбаи ҳаёт бо ташаббусҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат ба ҷашнвораҳои бесобиқаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд.
Доир ба муҳиммияти ин манбаъҳои ҳаёт бевосита дар доираи Конфронси оби СММ – 2023 чорабинии «Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар» 21 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии мазкур иштирок намуда, доир ба таърих, заминаҳои ташаккул ва эҳёи он, инчунин масъалаҳои вобаста ба муҳиммияти манбаъҳои обӣ суханронӣ карданд. Аз ҷумла, иброз намуданд, ки «ҷашни бостонии Наврӯз ба шарофати шомил гардидан ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО аз соли 2010 бар асоси қарори Маҷмаи умумии СММ ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад. Наврӯз айёми тавозуни рӯзу шаб буда, баробари эҳёи куллии табиат ба инсон руҳу равони тоза мебахшад, ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Басе рамзист, ки аз соли 1993 ба ин сӯ дар рӯзи дуюми Наврӯз, яъне 22 март ҷомеаи байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии обро таҷлил менамояд».
Воқеан, захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши назаррас дорад ва тавассути он дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла обёрии кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар самтҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба шуғли аҳолӣ мусоидат карда мешавад.
Дар асоси таҳлилҳои расмӣ, 98 фоизи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол гардида, Тоҷикистон дар рушди «энергияи сабз»-и минтақа нақши муассир мегузорад. Дар баробари омилҳои судбахш офатҳои табиии марбут ба об ба рушди иқтисодиёт таъсири ногувор доранд. Ба таъкиди коршиносон, 70 фоизи ҳолатҳои фавқулода ва 80 фоизи талафоти иқтисодӣ ба офатҳои табиии марбут ба об иртибот дорад.
Мушкилоти вобаста ба об имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил ёфта, дар санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки солҳои охир қабул гардидаанд, ҷойгоҳи хосса доранд.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нуктаи муҳимму саривақтӣ ва ҳамоҳангсоз ишора намуда, бо итминон изҳор доштанд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи анъанаҳои созанда ва арзишҳои безаволи Наврӯз бо неруи тоза ва нақшаҳои созанда дар роҳи татбиқи Даҳсолаи «Об — барои рушди устувор» ва дигар ҳадафҳои глобалии вобаста ба об саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳамкориро ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об, дигар сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист густариш хоҳанд бахшид.
Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо: пешоҳангӣ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввули он
Тағйирёбии глобалии иқлим ва сол то сол гармшавии ҳаво аз мушкилоти ҷиддии экологӣ буда, тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст ва оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои оби Осиёи Марказӣ аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари давлат буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои СММ пазируфта шуд.
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
– эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
– дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Бояд иброз намуд, ки пиряхҳо аз муҳимтарин боигариҳои давлати мо мебошанд ва ин иқдом албатта, мояи фахри тамоми тоҷикистониён аст.
Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об, махсусан оби тоза дар сайёра зери асари таҳдидҳо: тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, авҷи тамоюли шаҳрнишинӣ сол то сол муташанниҷ мегардад. Дар ин асно масоили ҳифзи пиряхҳо баҳри расидан ба мақсадҳои рушди устувор мусоидати бештар менамояд. Пиряхҳо- захираи асосии обҳои тоза мутаассифона, зери таъсири тағйирёбии иқлим сол то сол кам мешаванд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, «обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигароникунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он тадбирҳои муассир ва муштарак андешем».
Мақсади асосии ташаббуси давлати мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани тадбирҳои қатъӣ барои коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад.
Нуктаи муҳим он аст, ки конфронси мазкур таҳти раёсат ва пешоҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.
Ин ҳамоиш ҳамчунин барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Дар асоси қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Зимни конфронси мазкур Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал оварданд.
Кӯшишу заҳматҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар ин масир бо амалӣ гардидан метавонанд ба беҳбудии вазъи дастрасии манбаъҳои об ба аҳолии кураи Замин ва инчунин нуфузу мартаба ва эътибори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мусоидати бештар намуда бошад.
Аҳаммияти Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар самти беҳдошти вазъи экологии ҷомеаи ҷаҳонӣ
Таҷрибаи ҳамкории байналмилалӣ ва ташкилоти сатҳи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ба арҷгузории арзишҳои моддӣ ва ғайримоддие, ки барои инсоният зарурати аввалиндараҷа доранд, санаҳои муайян вобаста мебошанд. Ҳолати мазкур имконият медиҳад, ки тамоми аҳолии кураи Замин оид ба масоили меҳварӣ ва муҳим будани ҳадафи санаи мавриди эътироф амиқан андешаронӣ намуда, боз як маротибаи дигар хотирнишон шаванд.
Аз ин рӯ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба муқаррар намудани яке аз рӯзҳо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод манзур гардид.
Муайян ва пешбинӣ намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо назардошти ҷашни муҳимму таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, яъне таҷлил аз Рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад.
Дар сатҳи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидани ҷашни фархундаи халқи тоҷик, ки таҷассумгари таъриху тамаддуни пурғановати миллат маҳсуб мешавад ва пазироии ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон дар самти мушаххаснамоии Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ростои таҷлили пайдарҳамӣ аз сиёсати созандаву ташаббускорона ва дурнамосозу фарогири арзишҳои умумибашарии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад.
Дар таҷрибаи байналмилалӣ барои ҳифзи объектҳои гуногуни экологӣ таҷлил намудани якчанд санаҳои байналмилалӣ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, 22 март – Рӯзи захираҳои об, 23 март – Рӯзи обуҳавошиносӣ, 22 апрел – Рӯзи байналмилалии Замин, 5 июн – Рӯзи ҳифзи муҳити зист, 4 октябр – Рӯзи байналмилалии ҳайвонот, 11 декабр – Рӯзи байналмилалии кӯҳсор ва ғайра.
21 март пешбинӣ гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба ҳифз, нигоҳдошт, аҳаммият ва таваҷҷуҳи бевосита доштани пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи оби сайёраи Замин марбут аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва амалӣ намудани заминаҳои ташкили ҳуқуқии муайяннамоии Рӯзи байналмилалии ҳифзи онҳо чораҳои мушаххаси амалиро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, дар мамлакат доир ба ба масоили проблемаи обшавии пиряхҳо то кунун як барномаи давлатӣ бевосита ва 2 стратегия бавосита қабул гардида, амал мекунанд, ки мазмуну моҳият ва ҳадафи татбиқи онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои болозикр равона гардидааст. Ҷиҳати таҳқиқ ва нигоҳдории пиряхҳо, омӯхтани вазъи пиряхҳо ва нигоҳдории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ шудааст, ки дар он ҳадафҳои созанда барои муайян намудани санаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор барои осудагии экологӣ, ба хотири рафъи оқибатҳои ногувор ба табиати солим ва амалисозандаи сиёсати босамари экологӣ шинохта шудааст. Дар баробари ин, яке аз қисматҳои сиёсати экологӣ-ҳуқуқии мамлакатро дар даҳсолаҳои охир маҳз ҳифзи пиряхҳо аз нобудшавии он ташкил менамояд, ки чунин раванд қобили дастгирӣ ҳисобида шудааст.
Дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва поягузори иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф шуда, заминаи устувори болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
Имрӯз ҳама гуна чораҷӯйӣ ва ҷустуҷӯйи ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба об, ҳалли мушкилоти таъмини ҳамагон бо оби тоза ва ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои об бо иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тоҷикистон, ки дар миқёси байналмилалӣ ташаббускори фаъол ва пешбари ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошад, минбаъд низ ҷонибдори истифодаи самараноки захираҳои об хоҳад буд.
Аммо бар замми ин, имрӯз барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳо вобаста ба беҳтарнамоии ҳолати кунунӣ, муаммо ва дурнамои соҳаи экологӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҷассум ёфтаанд, зарур аст корҳои амалии муайян роҳандозӣ карда шаванд. Гарчанде имрӯз дар ҷодаи амалисозии барномаҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва дигар сохторҳои вобастаи давлатӣ тамоми имконияти мавҷуда ба роҳ монда шуда бошад ҳам, ҳоло низ бо ин қаноат кардан мумкин нест.
Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки дар баробари механизмҳои расмӣ-ҳуқуқӣ ва амалӣ, ҳамчунин фишангҳои илмии мавҷуда низ ба инобат гирифта шаванд, ки дар мавриди рафъи оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои табиӣ пешниҳодҳои илман асоснокшуда манзур менамоянд. Ин раванд ба сифати кафолати дурнамову асосноки самти мазкур ҷиҳати нигоҳдории захираҳои табииидорои зарурати аввалиндараҷа (ба монанди об, ҳаво ва ғайра) барои наслҳои имрӯза ва ояндаи давлат ва минтақаву ҷаҳони муосир метавонад шароити мусоид фароҳам созад.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа